Интихобот – падидаи ҷомеаи демократӣ

         Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот санаи 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 марти соли 2025 муқаррар карда шудааст.

Санаи 11 декабри соли 2024 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани маъракаи сиёсии интихоботи дар пешистода тибқи нақшаи тасдиқгардида намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо коршиносони маҳаллӣ бо масъулони баргузории интихобот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар семинари омӯзишӣ Салимӣ Носирҷон – аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиноси маҳаллӣ Шарифулло Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.