ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО ВА ТАРҲИ ВАЗИФАҲО
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи фарҳанги маркази ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 таҳти раёсати раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода, намояндаи вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон баргузор гардид.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 маърӯзаи муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Ҳомидҷон шунида шуд.
Дар ин асос раиси ноҳия Нусратулло Салимзода камбудиву норасоиҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, иқтисоду савдо, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар соҳаҳоро таҳлил намуда, ба масъулон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони ҷамоатҳо дастуру супоришҳо баён намуд.
Намояндагони вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар заминаи Паёми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру тавсияҳо баён намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров