vtem newsroll

Санаи 15-уми июли соли чори нишасти матбуотии раиси н. Б.Гафуров бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор гардид.

  Санаи 15-уми июли соли чори нишасти матбуотии раиси н. Б.Гафуров бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор гардид. Раиси нохия нахуст оид ба на...
vtem newsroll

Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда...
vtem newsroll

Ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ...
vtem newsroll

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани Фармону Амрҳо ва Қ...

Амалҳои аблаҳона дар Аврупо

 

Сафари Президенти Тоҷикистон дар Аврупо шуруъ идома дорад. Мувофиқи хабари васоити ахбори умум Сарвари давлат ба Швейтсария ва Фаронса ташриф меорад. Дидору мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо раҳбарияти ин кишварҳо, ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои Тоҷикистону он кишварҳо, инчунин форуми муштараки соҳибкорони тоҷику аврупоӣ зимни ин сафар дар назар дошта шудааст. Албатта ягон чизи ғайриодие дар анҷом ёфтани ин сафар ба назар намерасад ва тамоми ин кӯшишҳои Сарвари давлат барои пешрафти Тоҷикистон ва беҳбудии аҳолӣ равона карда шудаанд. Фақат ҳамин аст, ки як тудаи душмани миллат ва бадхоҳи Тоҷикистон, ки асосан аз нафарони ТТЭ ҲНИ ва созмони ифротии Гуруҳи 24 иборатанд, дар ин рӯзҳо аз тарс ба таҳлука  афтодаанд. Метарсанд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Эҳтимол баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист ва аъзоёни Гуруҳи 24, ки ҳамагӣ ифротианд, тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Бе ин ҳам, баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани раҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.

Аз ҳамин сабаб наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо, ки дар Гуруҳи 24 ҷамъ омадаанд, имрӯз ба дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат тавассути мақолаҳо машғуланд. Мақолаҳое ки касе онҳоро намехонад ва бовар ҳам надорад, зеро дуруғанд ва ягон асосе надоранд. Ғайр аз ин ин тудаи табоҳкор ба амали дигаре даст задаанд, ки дар баъзе шаҳрҳои Аврупо, аз ҷумла дар Берн ба хиёбон баромада бо бардоштани чанд навиштаҷоте аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд. Аммо ин амал ҳам фоидаашон намекунад, зеро дар Аврупо чунин амалҳо як кори муқаррарӣ аст. Қариб ҳар рӯз ягон эътирозе ё намоиши дигареро дар кӯчаву хиёбонҳои аврупоӣ ммебинед. Намояндагони бисёр халқҳое ҳастанд, ки дар Аврупо даст ба чунин намоишу пикетҳо мезананд ва хеле сершумор ҳам ҳастанд, масалан курдҳо, фаластиниҳо ва ғайра. Аммо касе ба ин гуна амалҳо эътибори ҷиддӣ намедиҳад. Аврупо масъалаҳои аз ин муҳимтар дорад. Нафарони наҳзати ва Гуруҳи 24, ки имрӯз дар хиёбонҳо Аврупо баромадаанд ва зидди Ватани худ амал карданианд шумораи ихеле кам доранд ва амали онҳо ҳам хандаовару ҳам нафратовар аст. Онҳоро журналисти варзида Додоҷони Атоулло бисёр хуб шинохта ва баҳо додааст. Тавре ки вай дар навиштааш таъкид мекунад, ин нафарон, ки худро мухолифин меҳисобанд, ниҳоят ҳақиру ғарибу нотавонанд. Воҳимаашон аз худашон бамаротиб калонтар аст. Гоҳ аз номи мардуми тоҷик сухан мегуянду гоҳ чунон воҳима мекунанд, ки гуё раҳаброни кишварҳои аврупоӣ ба гапи онҳо кор мекарда бошанд. Лекин мардуми тоҷик аз руи ин худбохтагони аблаҳ безор аст. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бошанд, ба эҳтимоли зиёд аз мавҷудияти ин тудаи табоҳкор, яъне наҳзатиҳо ва Гуруҳи 24 ҳатто хабар ҳам надоранд. Агар дуруст хабар медоштанд ва аниқтар медонистанд, ки инҳо террористу ҷинояткоранд, дар як рӯз ҳамаашонро баста гов барин ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

 

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ Тоҷикистони демократию озодро мешиносанд ва бо Раҳбари давлат, ки сулҳу суботро барқарор кардаасту бо ташаббусҳои наҷиб дар арсаи байналхалқӣ шинохта шудааст, кор мекунанд. Ягон хел доду вовайло ва пикету намоишҳои ҳақиронаи наҳзатиҳою Гуруҳи 24, ки ҳамагӣ ҷинояткору хоинанд, ба раванди ҳамкориҳо ва ҷараёни сафари Сарвари давлат дар Аврупо халал расонда наметавонанд.

 

Парвиз Собиров

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз664
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта715
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3275
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5682
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12047
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта22857
mod_vvisit_counterҲамагӣ387409