Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли профессор Усмонҷон Ғаффоров, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев ва Биҷҷанат Усмонова хабар гирифта, бо пирони кор сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дод.

 

Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Ватани азизамон ёдовар шуда, саҳми собиқадоронро дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард. Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, сипосмандии худро баён доштанд.

Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, сипосмандии худро баён доштанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.