Пурсишу посух дар нишасти матбуотӣ
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, намояндаи вилояти Суғд Шарифҷон Аҳмедов, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахш, воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок намуданд.
Рӯзноманигорон бо сабаби он ки пресс - релиз оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи якуми соли 2022, ки пешакӣ дастрас шудааст, аз раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода дархост намуданд, ки ба саволҳо ҷавобҳо пешниҳод намоянд.
Дар ҳамин асно намояндаҳои воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои раванди иҷроиши эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ” дар ноҳия, ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, сохтмони беморхона дар ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз фаъолият боз мондани бархе аз корхонаҳои саноатӣ, таъсиси корхонаи коркарди пӯст, истифодаи заминҳои назди ҳавлигӣ, таъмини барқ ва оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёд, таъсиси корхонаҳои консервабарорӣ, мумфаршкунии роҳ, тоза нигоҳ доштани зиёратгоҳи ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вазъи минтақаҳои сарҳадӣ, ҳамкориҳои муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, обёрии заминҳо аз манбаҳои дохилӣ, вазъи ҷиноятсодиркунӣ ва дигар масъалаҳо ба Раиси ноҳия суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои беҳдошти зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудааст, тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.