vtem newsroll

Иштирок дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон д...
vtem newsroll

Ифтитоҳи гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғ...
vtem newsroll

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳ...
vtem newsroll

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғаф...

Ёде аз устод

 

Отахон Латифӣ 18-уми марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1963 риштаи журналистии Донишгоҳи Ленинград, Санкт-Петербурги имрӯзаро хатм кардааст. Ӯ 4 сол дар рӯзномаи “Комсомолетс Таджикистана” ва аз соли 1967 то 1973 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Комсомолская Правда” дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аммо нуқтаи авҷи маъруфияти Латифӣ ҳамчун журналист 16 соле буд, ки ӯ аз соли 1973 то 1989 дар рӯзномаи “Правда” – нашрияи асосии ҳизби ҳокими коммунисти СССР дар Тоҷикистон кор мекард.

Дар он солҳо вақте ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи Норак суст шуд, Латифӣ аз минбари “Правда” ташаббуси “эстафетаи коргарӣ”-ро дар миён гузошт, ки ба ин сохтмон ҷони нав дамид. Масъалаи дигаре, ки Латифӣ истодагарӣ кард, тарҳи сохтани обанбор дар қаламрави водии Вахш ва ба Қаршии Узбакистон кӯчондани сокинони ин водӣ буд, ки баъди мақолаи Латифӣ сарвазири вақти СССР Николай Косигин иҷрои ин тарҳро боздошт.

Дар поёни соли 1989 раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов Латифиро муовини сарвазир таъин кард. Соли 1991 Латифӣ довталабона аз ин мақом истеъфо дод ва ба журналистика баргашта, дар рӯзномаи “Известия” ба кор пардохт. Ӯ ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳамроҳ бо Алексей Сафаров, як соҳибкори тоҷики муқими Финландия ширкати “ЗарФин”-ро таъсис дод.

Баъди оғоз гардидани ҳодисаҳои маълум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  О. Латифӣ дар охирҳои соли  1992 ,  муддате дар Маскаву баъдан дар Теҳрон умр ба сар бурд.  Моҳи сентябри соли 1997, баъди се моҳи имзои созишномаи сулҳ, вақте барои иҷрои он Кумиссиюни оштии миллӣ таъсис ёфт, Латифӣ ба Душанбе баргашт ва то рӯзи кушта шуданаш ба ҳайси раҳбари зеркумиссиюни ҳуқуқии ин ниҳоди нозири раванди сулҳи Тоҷикистон кор кард.

Отахон Латифӣ дар ҷараёни музокироти сулҳи солҳои 90-уми кишвар яке аз шахсиятҳои асосӣ ба шумор мерафт. Аз инҷост, ки наҳзатиҳо чандон ӯро хуш қабул надоштанд.  Аз обрӯ ва эътибори ӯ ҳарос доштанд ва доим лаҳзаи даркориро интизор доштанд, то ки ӯро нобуд созанд. Зеро Отахон Латифӣ аз ҳадафи асосии наҳзатиҳои ифротӣ огоҳӣ дошт ва медонист, ки оянда фаъолият онҳо барои мардуми кишвараш танҳо қатлу куштор ва бадбахтиро пеш меоварад.

Иброҳим Усмонов, вобаста ба зиддияти Отахон Латифӣ ва наҳзатиҳои ифротӣ чунин нақл менамояд: «Ман ба намояндагӣ аз ҷониби ҳукумат ва Отахон Латифӣ аз ҷониби мухолифон протоколи Хусдеҳро таҳия кардем ва қарор гузоштем, ки баъд аз 10 рӯз дар Маскав мулоқот мекунем. Аммо мухолифон ба Маскав бо таъхири дурӯза омада, изҳор доштанд, ки он санадро эътироф намекунанд. Намояндаҳои СММ ба мухолифон гуфтанд, ки агар аз имзо даст мекашед, пас, дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шумо пуштибонӣ намекунад. Тӯли се рӯзи дигар мо маҷбур шудем ба ин санад тағйирот ворид карда, сипас, музокиротро идома диҳем».

Ҳақиқат ин аст, ки наҳзатиҳои ифротӣ доим дар паи нест намудани ӯ талош менамуданд.  Аз ин рӯ, дар таърихи 22-юми сентябри соли 1998 нақшаи наҳзатиҳо барои ҷисман нобуд кардани ин марди шуҷои ватан амалӣ гардид.   Ин журналист ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро  дар назди манзилаш, дар маркази Душанбе дар як сӯиқасди мусаллаҳона бо се тири туфанг куштанд. Ин се тир риштаи умри нафареро канд, ки аз журналистони ангуштшумори соҳибмактаби тоҷик буд. Латифиро дар синни 62 ва замоне куштанд, ки ӯ баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тоза як сол боз ба Ватан баргашта, дар Кумиссиюни оштии миллӣ аз ҷониби оппозисиюн намояндагӣ мекард ва мӯътақид буд, ки Тоҷикистон бебозгашт пой ба роҳи сулҳ гузоштааст.

Ҳаёт, нанг, номус, сулҳ, суббот ватану миллат дар пеши наҳзатиҳо заррае арзиш надошту надорад. Барои саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ пулу мол, давлату сарват, хунхориву ҷаллодӣ, қадру манзалати бештар дорад.  Таҳлили куштори   Отахон Латифӣ аз он гувохӣ медиҳад, ки аз як тараф наздик шудани ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва аз сӯйи дигар фосила гирифтанаш аз наҳзатиҳои ифротӣ онҳоро сахт нигарон намуда буд.  Табиати наҳзатиҳои хунхор чунин аст, ҳар нафаре, ки ҷонибдорӣ сулҳу суббот ва оромии кишвар бошад, дар чашми наҳзатиҳои сулҳбезору хунталаби аҷнабипараст хиёнаткор менамояду ҷазои чунин шахсонро марг медонанд.

 

Отахон Латифӣ ҳамчун нишони ҷавонмардӣ, шахсияти беназир, журналистӣ сермасъул ва дипломатӣ закӣ  дар ёдҳо боқӣ мондааст. Агар умр вафояш мекарду наҳзатиҳои хунхор нисбаташ амали террористӣ анҷом намедоданд,    рӯзи 18-уми марти соли равон  78-сола мешуд. Ёдат ба хайр устоди гиромиқадр.

Назар Холназаров, ходими калони илмии АИ ҶТ

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз669
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта863
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1532
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ29365
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21491
mod_vvisit_counterҲамагӣ288695