ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА - ТАЪМИНГАРИ БЕХАТАРИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ
Мутобиқ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 23.12.2021с., №1819) имсол бори нахустин санаи 24 октябр Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон иттифоқҳои касаба дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳои умумӣ дар фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамаҷониба рушд карда истодааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд.
Таваҷҷӯҳ ба фаъолияти кумитаи иттифоқҳои касаба пас аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 октябри соли 2019 бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор намуданд, дучанд гардонида шуд. Пешвои миллат зимни суханронии худ зикр доштанд, ки «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.»
Бо ин назардошт, дар ҳамкорӣ бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти пурсамари Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касаба мувофиқи нақшаҳои ҷорӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҳамаоҳангии кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифу фарҳанг, тандурустиву кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 32 ташкилотҳои ибтидоӣ муттаҳид шуда, шумораи аъзоёни Кумитаи иттифоқи касаба 726 нафарро ташкил медиҳад, ки 312 нафар занон ва 142 нафарашонро ҷавонони то синни 35-соларо ташкил медиҳанд.
Бо мақсади таъмини нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ соли равон дар ноҳия ду маротиба семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳавӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъулони Кумитаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии соҳа, азҷумла Ҷамолов Х.Ғ. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд, Акбаров Саидҷаъфар – нозири ҳуқуқ ва Қаҳҳоров Дилшод – нозири меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва Бузуруков И.А. – нозири ҳуқуқи Кумитаи соҳавии вилояти Суғд иштирок намуда, бо иштирокдорон доир ба моҳияти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023», Созишномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ, тартиби бастани Шартномаҳои коллективӣ байни маъмурият ва кумитаи иттифоқи касаба, Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023, бандҳои алоҳидаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзу кафолатҳои кормандон, нақшу мақоми Кумитаи иттифоқҳои касаба, талаботу қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва дигар масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармо ва корманд суҳбати ҷолиб баргузор намуданд.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои аъзоҳақӣ 6 нафар аъзои кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, азҷумла кормандони фаъолу собиқадор аз Мактаби варзишии №1, ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ҷамоати деҳоти Ғозиён ва Боғи миллии Ваҳдат бо роҳхат бо осоишгоҳҳои вилоятӣ дастгирӣ карда шуда, саломатиашонро барқарор намуданд.
Ҷоизи қайд аст, ки дар Пленуми сайёри Кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 августи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, се нафар раисони кумитаи соҳавии ноҳия барои хизматҳои арзанда дар пешбурди кори иттифоқхои касаба аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявӣ Назарзода Наргиз Ҷӯрахон бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои Шўрои генералии Федереатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Раёсати Кумитаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии соҳавиро таҳти назорат қарор дода, бо роҳандозии фаъолияти самарабахш болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба ва иҷрои вазифаҳои оинномавиро аз рўи тамоми самтҳои фаъолият таъмин намояд.
Тибқи қарори Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз 19.07.2022, №3\4 «Дар бораи таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр» ҳамаи кумитаҳои соҳавии иттифоқи касабаи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баҳри таҷлили сазовори Рӯзи иттифоқҳои касаба нақшаи чорабиниҳои омодагиро бахшида ба иди касбӣ дар амал татбиқ намуда истодаанд.
Бо ин назардошт, тамоми аъзои Кумитаи иттифоқҳои касабаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати иди касбӣ ва Рӯзи кормандони иттифоқҳои касаба табрику муборакбод намуда, саломативу саодатмандии рӯзгор ва фаъолияти пурмаҳсулу комёбиҳои назаррасро таманно менамоем.
Парвиз Халифаёр, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи
кормандони муассисаҳои давлатӣ,
ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров