Ҳусну фурӯғи Арбоб

- Дар дафтари хотирам аз ҷумлаи чандин таъкиду суханрониву дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе сабт шудааст: “Ман ҳамеша ифтихормандам, ки маҳз аз минбари баланди Қасри овозадори “Арбоб” ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидам ва тамоми мардуми Тоҷикистон имрӯз Қасри маданияти “Арбоб”-и таърихиро ба хотири сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон ҳамчун макони муқаддас гиромӣ медоранд ва ҳамеша онро ба унвони сарчашмаи ваҳдати миллии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд мекунанд” – ин суханони пурмеҳру саодатбори Сарвари давлатамон маро ҳамчун як тан аз фарзанди ин сарзамини кишвари офтобиамон ба азму суботи тоза ба тоза ҳидоят мекунанд, - гуфт дар суҳбат Абдузафар Иномов – директори МДВ “Қасри маданияти Арбоб”.

 

 Дар ин масир суҳбати тахассусии мо бо яке аз фарзандони сиёсатмадор, роҳбари муваффақу навҷӯй ва ташкилотчии варзидаи самтҳои ҷадиди ҳаёти ҷомеаи муосир Абдузафар Иномов ҷараён гирифт. Модоме, ки ин шахсияти соҳибдонишу масъулиятшинос пас аз хатми яке аз муассисаҳои бонуфузи касбии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар истеҳсолоти саноатӣ, то ба дараҷаи масъули соҳа расида, минбаъд дар ташкилотҳои саноатӣ – кишоварзии вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вазифаҳои роҳбарӣ бомуваффақият кору фаъолият карда, нақш ва саҳми муносиби худро гузоштааст. Ҳамчун вакил дар парлумони касбии кишвари соҳибихтиёри тоҷикон дар қабулу танзим ва ба ҳаёти ҷомеа созгор гардонидани яқ қатор қарору қонунҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон азму субот ва донишу малакаи касбии хешро муаррифӣ намудааст. Солҳост, ки вазифаи директории Муассисаи давлатии вилоятии “Қасри маданияти Арбоб”-ро ба уҳда дошта, дар таҳкими раванди муаррифӣ ва шоиста нигаҳ доштани ҷойгоҳи ин Қасри таърихиву дар қисмати миллати тоҷик тақдирсозро шарафмандона ба иҷро расонида меояд. Махсусан, соли равон – моҳи ноябр ҷашни саодатбахши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷойгоҳи бузург 30-солагии Анҷумани саодати халқ таҷлил мегардад, Абдузафар Иномов хеле заҳмат кашида, бо камоли кордонӣ ва ташаббускорӣ масъулияти баландро ба дӯш гирифтааст.

Имрӯз маҳсули ҳама он азму суботу талошу кордонӣ дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода намоён шудаанд. Раиси вилоят ҳангоми боздид ва шиносоӣ бо рафти бунёди Боғи фаврҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб ба масъулин таъкид намуданд, ки ин мавзеъ аз ҷойҳои сербинандатарин мешавад. Ва ин ҷойи таърихӣ, сурурбахши ҳаёти ҷомеа ва меҳру муҳаббати мардум муаррифӣ мегардад.

Худ шоҳиди он гардидем, ки бунёди Боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон басо мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонону  сайёҳони хориҷиву дохилӣ боздид хоҳанд кард. Дар ин самт боғи навбунёдро ниҳолони ороишиву ҳамешасабз ва бутаву гулҳои мавсимии ҳархела файзу нусрат мебахшанд. Чанде қабл дар боғи бунёдшудаистода бо иштироки Раиси вилоят Раҷҷабой Аҳмадзода ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд. Дигар ҳашарчиёни ниҳолшинон аллакай даҳ ҳазор бех ва аз он барзиёд гулҳои мавсимии гуногун, буттаҳои ороишӣ ва ҳамеша сабз шинондаанд.

- Қасри баландиқболи Арбоб ин кохи бахшишҳо буду ҳаст, - суханашро идома медиҳад ҳамсуҳбати мо – марди фозилу таҳаммулпазир ва роҳбару ташкилотчии созанда Абдузафар Иномов. – Арбоб ин макони сулҳ ва амнияти ояндаи Тоҷикистони эҳёдида буду ҳаст. Бо шарофати Анҷумани саодати халқ – Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Қасри таърихӣ баргузоргардида, дар таърихи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 мардуми ноумеди тоҷикро умеди комил ва орзуву ниятҳои соҳибдил ато фармуд ва он сароғозу сарчашмаи фаъолияти густурдаву раванди сиёсату ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Амфитеатр”-и Арбоб мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин иншооти бошукӯҳ ҳамасола бо иштироки Раиси вилояти Суғд маъракаи гусели наваскарон доир мегардад, ки ин тадбир дар таҳкими эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонони даврони Истиқлоли давлатӣ таҳаввулоти тозаест.

- Рисолати асосии кормандони МДВ “Қасри маданияти Арбоб” аз фароҳам овардани шароит барои ташаккулёбӣ ва қаноатмандгардонии талаботҳои фарҳангӣ, сайёҳони дохилӣ дар шумори 8415 нафар ва сайёҳони хориҷӣ бо теъдоди 393 нафар ин ошён, маъво ва ҷойгоҳи миллиро зиёрат кардаву аз дидану тамошояш баҳраманд гардидаанд.

Қасри Арбоб орзуву ормони миллӣ, бахту саодати миллат, нуру зиёи бозтоб, ошёни ваҳдати миллӣ, ҷойгоҳи ҳамдилону равшанзамирон будаву ҳаст.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,

рӯзноманигоро

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.