ВОХӮРИИ СУДМАНД

Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар 201 деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо сокинон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мулоқоту вохуриҳо оғоз гардид.

Дирӯз дар маҳаллаҳои “Дӯстӣ”, “Тоҷикистон”, “Тоҷикистон - 1”, “Тоҷикистон - 2” -  и ҷамоати деҳоти Хистеварз оид ба масълаи мазкур мулоқот баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ вохӯрӣ Юсуфӣ Акбар – муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шамс Бобоҳоҷиев, намояндаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Темуров Улуғбек - мудири бахши дин, танзими анъана ва маросими ноҳия, Фирӯз Искандаров сардори Агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнат дар ноҳия, Соҳибҷон Абдуллоев, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аъзоёни гуруҳи тарғиботии ноҳия зимни суҳбат аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  (28.12.2024) ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки Паём барномаи мукаммали амал аст, ки Пешвои миллат тамоми самтҳои асосии ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода бо истифода аз таҷрибаи корӣ дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои солҳои 2024 ва солҳои минбаъда муайян намуданд. Агар ба ҷавҳари Паём бодиққат назар андозем, тамоми самтҳо танҳо барои некӯаҳволии мардум, беҳдошти зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум равона карда шудааст. Ин масъала минбаъд низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта,  муҳайё намудани зиндагии созгору шоиста ҳадафи аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар идома ҳамчунин зикр гардид, ки алҳол дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст ва таъмини волоияти қонун ҳамчун масълаи муҳим дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад. Бо назардошти ин матлаб соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.

Дар интиҳо байни намояндагон ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бояд зикр дошт, ки ин гуна вохӯриву мулоқотҳо дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия низ идома дорад.  

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.