ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРӮЗ-2024
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик - Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад. Кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми ҳамдиёрони азизамонро бо фарорасии иди бостонии Наврӯз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин асолати фарҳангдӯстӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Наврӯз чун ифодагари сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад. Мутобиқ ба ақидаҳои ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми шодбошиашон ба ифтихори таҷлили иди Наврӯз баён доштанд, «ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд. Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем. Чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.»
Ҳамдиёрони азиз!
Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми тоҷик айёми кишту кор оғоз гардида, дар саросари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ гирифтааст. Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо илҳоми наврӯзӣ ба кору фаъолияти ватандӯстонаи худ ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегиии давлату Ҳукумат суръати тоза мебахшанд. Бо ин ниятҳои нек таманно мекунам, ки бигзор дар кишвари соҳибистиқлоли мо, ки баҳори файзбораш доимӣ гулафшон аст, сулҳу ваҳдат абадан ҳукмфармо бошад.
Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамдиёрони азиз!