БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ҲУҚУҚӢ
Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар маҳаллаи “Наврӯз”- и ҷамоати деҳоти Зарзамин мулоқоти судманд бо сокинон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шамс Бобоҳоҷиев, намояндаи КДАМҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Парвиз Неъматзода, мудири рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, Болтубой Юлдошев, раиси собиқадорони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Соҳибҷон Абдуллоев, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия, Мавлуда Вализода, раиси ҷамоати деҳоти Зарзамин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аъзоёни гуруҳи тарғиботии ноҳия зимни суҳбат бо сокинон аз меҳнатқариниву заҳматписандии мардуми деҳоти Зарзамин ибрози назар намуда, дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла кишоварзӣ муваффақ будани бошандагони ин деҳаро ёдоварӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки дар парвариши помидори барвақтӣ сокинони ин минтақа маҳорати хуб дошта, онҳо дар таъминоти бозори дохилӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҳамзамон бобати масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ мардуми сайёраро ба ташвиш андохтааст, аз ҷумла хатарҳои террористиву экстримистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ” назарҳо гуфта шуданд.
Дар идома байни тарғиботчиён ва сокинон мубодидаи афкор сурат гирифт.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.