САРЧАШМАИ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ

“Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз сӣ сол сипарӣ гардид. Дар ин муддати кўтоҳ мардум дар сохтмони давлатдории ҷадид ба комёбиҳои беназир муваффақ гардида, ҳоло дар як шоҳроҳи бузурги ҷомеадорӣ қарор доранд ва устуворона қадам мегузоранд. Дар ин ҷода саҳми иттифоқҳои касаба беназир буда, кормандони ин ташкилоти бонуфуз дар ҳамаи корхонаву хоҷагиҳои кишвар фаъолияти назаррас доранд.

Аслан, иттифоқҳои касаба дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият намуда, шарики боэътимод дар самти амалӣ гардидани сиёсати иҷтимоии Ҳукумат мебошад.

Созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, иттифоқҳои касаба дар пешрафти тамоми соҳоти мухталифи кишвар саҳми назаррас доранд. Онҳо ҳамеша баҳри пойдории сулҳ дар ҷаҳон мубориза мебаранд. Фаъолияти иттифоқҳои касаба ба пешравии ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таъсири калони мусбӣ расонид ва минбаъд ҳам хоҳад расонд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 24-уми октябри соли 2019 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зикр намуданд, ки: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳад».

Тўли фаъолияти доманадори худ Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқҳои касаба чораҳои мушаххас меандешад.

Иттифоқи касаба, пеш аз ҳама, мактаби бузурги иттиҳоду ҳамбастагӣ, тарбияи инсон, ҳамоҳангсози истеҳсолотчӣ дар самти истеҳсолот мебошад. Маҳз, бо ташаббуси ин ташкилот дар корхона, муассиса ва ташкилоту хоҷагиҳо, новобаста аз шакли моликият ва фаъолият, кумитаи иттифоқи касаба созмон дода мешавад, ки барои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқи кормандон  назорати ҷамъиятӣ мебарад. Он дар доираи вазифаҳои оинномавии хеш барои беҳтар шудани шароити меҳнат дар истеҳсолот, зиндагии корманд ва аъзои оилаи ў дар ҳамкорӣ бо корфармо тадбир меандешад.

Шоёни қайд аст, ки дар ҳамаи иқдомҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқҳои касаба саҳми сазовор мегузорад. Ин ташкилоти ҷамъиятӣ тўли солҳои Истиқлолият исбот намуд, ки барои ҳар як аъзои иттифоқи касаба арзишҳои умумимиллӣ чун оромии кишвар, ягонагии Тоҷикистон ва ваҳдати халқҳои он самти афзалиятноки фаъолият аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухан карда, баён доштанд, ки: “Дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ Иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”.

Пешвои муаззами миллат дар вохўрӣ иттифоқҳои касабаро ҳамчун ташкилоти калонтарину бонуфузи оммавӣ вазифадор намуданд, ки рисолати хешро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ ва бо ин васила дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд ба роҳ монда бошанд. Дар ин замина пешниҳод доштанд, ки “механизми танзими иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия ва ҷалби фаъоли сармоя ба ин самт ба роҳ монда шавад, зеро дар кишварҳои пешрафта маҳз ҳамин ташкилотҳо нақши яке аз сарчашмаҳои дохилии сармоягузории дарозмуддатро мебозанд”.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо нақши иттифоқҳои касаба хеле калон аст. Вобаста ба фаъолияти ҳамарўзаи иттифоқҳои касаба ва баҳри дар амал пурра татбиқ кардани кори ин сохтор семинар-машваратҳо гузаронида мешаванд, ки иттифоқҳои касаба дар асоси имкониятҳои нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Баҳри пешрафти соҳа пленумҳои ғайринавбатии кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятӣ баргузор гардида, конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ барпо карда шуданд. Бояд гуфт, ки пас аз вохурӣ фаъолияти соҳаҳои гуногуни Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят боз ҳам ривоҷ гирифта, сатҳи хизматрасонӣ беҳтару болотар шуда истодааст. Аз ҷумла, дар ин муддат корбариро дар самти тарғиби ҳаракати иттифоқҳои касаба, моҳияти иттифоқи касаба, мавқеи он дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷоннок намуд. Инчунин, ҷиҳати афзун намудани сафи аъзо, ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба иттифоқҳои касаба, ҳамзамон, густариши шарикии иҷтимоӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар корхонаву ташкилотҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Баланд бардоштани сатҳи фаъолият ва хизматрасонӣ дар кумитаҳои иттифоқи касаба самти дигари фаъолият маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касаба дар фаъолияти ҳамарўза назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият амалӣ менамоянд. Ҳамчунин, тибқи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохўрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон санаи 24-уми октябри соли 2019 баён доштанд, дар назди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд курси бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба ташкил карда шуд. Вобаста ба ташкили курсҳои кўтоҳмуддати таълимӣ Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуда, айни замон кормандони ташкилоту муасиссаҳо давра ба давра ба омўзиш фаро гирифта мешаванд.

Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар оянда боз ҳам рисолати оинномавии хешро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии иҷтимоию иқтисодии кормандон, назорати риояи қонунгузории меҳнат ва ҳифзи меҳнат софдилонаю суботкорона ба амал бароварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Эътимоди қавӣ дорем, ки Иттифоқҳои касабаи вилоят дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо ҳамқадами мардуми шарифи кишвар корҳои арзандаро ба сомон хоҳад расонид.

Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,

раиси Шўрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.