vtem newsroll

Баргузории аксия таҳти унвони “Зан маҳзари покизагит” баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ.

vtem newsroll

Идомаи корҳои ташфиқотӣ аз ҷониби гурӯҳи занҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирии бемории сироятии COVID 19

vtem newsroll

Натиҷаи иҷроиши буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар семоҳаи якуми соли 2020

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2020  101,4% иҷро гардида, ба ҷои нақша бо тағйироташ 64041180 сомонӣ, воридот 64964429  сомониро...
vtem newsroll

Натиҷаи иҷроиши буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2019

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019  103,2% иҷро гардида, ба ҷои нақша бо тағйироташ 243600000 сомонӣ, воридот 251377197  сомониро ташкил дод,...

 

Тавре муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода иттилоъ дод, 17 май ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Б.Ғафуров ва беморон кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастрас гардид.
Кӯмак аз маводи озуқавории молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз, анвои дигар хӯрокворӣ ва ҳамзамон маводи тиббӣ аз қабили дорувориҳо, корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ иборат буданд.
Аз кӯмаки саривақтӣ ва хайру эҳсонкории Пешвои миллат кормандони соҳаи тандурустӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, арзи сипосмандии хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Мусаллам аст, ки таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Садри муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, баҳри беҳдошти сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои муассир роҳандозӣ шудаанд. Иқдоми ёрмандӣ бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, татбиқ гардидааст. Воқеан, Пешвои миллат, пешвои мардумианд ва мо ҳамарӯза дида истодаем, ки баҳри ҳарчӣ зудтар бартараф намудани давраи эпидемиологӣ ва коҳиш додани хуруҷи ин бемории сироятӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ чӣ корҳои арзишманд сари вақт ба сомон расида истодаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар ноҳия аз оғози маълум шудани ин беморӣ дар ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, ҷамоатҳои назди сарҳадӣ, фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дода шуд.
Ҷиҳати тақвияти пояи моддии беморхонаҳои ноҳия, маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои дастрас намудани маводҳои хӯрока ва безараргардонӣ, доруворӣ, либосҳои муҳофизатии фардӣ, ниқобҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия зиёда аз 1,0 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳамаи маводҳои зарурӣ захира ва истифодаи онҳо роҳандозӣ шуда истодаанд.
Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми шароиту имкониятҳоро сафарбар намуда, чораҳои бехатариро доир ба ҳифзи саломатии ҳар як шаҳрванди ноҳия амалӣ намуда истодааст, то ки сиҳатии омма ҳифз гардад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия телефонҳои боварӣ фаъол буда, шаҳрвандон доир ба масъалаҳои беҳдоштӣ ба Ситоди ноҳиявӣ бо телефонҳои (83442 3-3163), ситоди шӯъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (83442 31650), ситоди назди беморхонаи марказӣ (83442 32628), ситоди назди МНДСЭ (83442 3-2187) муроҷиат намуда истодаанд, ки ин аз босифат ва самаранокии раванди ташкилӣ дар мақомот дарак медиҳад.

 

 

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1154
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6190
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35709
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352404