Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бонувонро аёдат кард
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардаанд, аёдат кард.
Раиси вилоят бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, қайд кард, ки модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд