БА ИСТИҚБОЛИ 90 – СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «ХУҶАНД» - нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров РАВЗАНАИ ДИРЎЗУ ИМРЎЗ...

"Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст".

Садриддин АйнӢ

Мусаллам аст, ки матбуот вобаста ба эҳтиёҷу талаботи мардум ба вуҷуд омадааст, ки матлаби маънавию фарҳангии аҳли ҷомеаро қонеъ мегардонад. Матбуот мисли оинаест, ки ҳодисаҳои таърихро инъикос мекунад. Ва ҳамчунин сарчашмаи мӯътамад дар шинохти саҳифаҳои гузаштаву рангини имрӯзаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин росто ҳафтаномаи "Хуҷанд"-ро метавон қайд кард, ки чун таҷассумгари ҳаёт, оинаи рўзгори ҷомеа дар назди таърих хизмати шоистаро соҳиб аст. Таърихи мавҷудияти рўзнома ду давраро дар бар мегирад: давраи мукаммали шўравӣ ва замони соҳибистиқлолиро аз сар гузаронида, дар ҳар давру замон чун дидаи бедори ҷомеа набзи айём гардидааст.

 Он аз ҷаридаҳоест, ки дар ҳавзаи матбуоти Тоҷикистон арзи вуҷуд карда, дар ибтидо бо номи "Бо роҳи Ленинӣ" машҳур буд. Ба гуфти муаррих ва рӯзноманигор Усмонҷон Ғаффоров «дар солҳои 1933-1934 дар давлати абарқудрати СССР 3368 шӯъбаи сиёсии МТС ва 202 шуъбаи сиёсии совхозҳо ташкил мегарданд. МТС-ҳо дар гузашта аз ташкилотҳое буданд, ки ба хоҷагии халқ ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам хоҷагӣ сарварӣ мекарданд. Ва маҳз рўзномаҳо таҳти назари шўъбаҳои сиёсии МТС-ҳо тавлид ёфта, фаъолият мебурданд.

Дар ин раванд Тоҷикистон низ дар канор набуда, дар назди шуъбаҳои сиёсии МТС-ҳои ноҳияҳои пахтакори Хуҷанд, Нов, Конибодом, Ҷиликӯл ва Қӯрғонтеппа барпо шуда буданд. Бо қарори КМ ВКП (б) "Дар бораи кори шӯъбаҳои сиёсии МТС-ҳо, дар бораи ячейкаҳои ҳизбии колхозҳо ва дар бораи муносибати байни шӯъбаҳои сиёсӣ ва кумитаҳои ноҳиявии ҳизбҳо" 13 июни соли 1933 нашрияи "Бо роҳи Ленинӣ" дар назди МТС-и Хуҷанд таъсис ёфт, ки муҳаррираш Точӣ Усмон ва котиби масъулаш Раҳим Ҷалил таъин гардиданд.»

Таърихнигор Усмонxон Ғаффоров, бо фарогириии ҷустуxўҳои илмӣ дар китоби "Матбуот ва мухбирони коргару деҳrон" ба чунин натиҷа мерасад: "Газетаи "Бо роҳи ленинӣ" яке аз беҳтарин газетаҳои МТС-ҳои Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Бесабаб нест, ки ин газета дар конкурс - мусобиқаи газетаҳои шуъбаҳои сиёсии МТС-ҳои республикаҳои Осиёи Миёна, ки онро сектори сиёсии Осиёимиёнагии МТС-ҳо ва редаксияи газетаи "Правда Востока", эълон карда буд, ҷойи аввалинро ишғол намуд ва муҳаррири он Тоҷӣ Усмон сазовари мукофоти қимматбаҳо гардид".

Ҳамчунин фаъолияти пурсамари нашрияи "Бо роҳи Ленинӣ"-ро рӯзномаҳои марказии "Правда" ва ҷумҳуриявии "Тоҷикистони сурх", "Коммунист Таджикистана" баҳои арзанда дода, дар шумораи 24 авгус-ти соли 1933 рўзномаи "Правда" зери сарлавҳаи "Ҷамъоварии пахта сазовор пешвоз гирифта шавад", комёбиҳои газетаи "Бо роҳи Ленинӣ"-ро муфассал шарҳ додааст. Ё худ "Тоҷикистони сурх" 3-уми октябри соли 1933 таҳти сарлавҳаи "Аслиҳаи бурро воситаи ҳалкунанда" сармақолаи худро пурра ба рӯзномаи "Бо роҳи Ленинӣ" бахшидааст. Дар ин мақола нақши рўзнома дар муттаҳид намудани мухбирони коргару деҳқон муаррифӣ мегардад. Дар ҳақиқат мухбирони ҷамоатии бисёр дар атрофи нашрияи "Бо роҳи Ленинӣ" ҷамъ шуда буданд. Ин нашрия бунёдгузори рўзномаҳои назди колхозҳои "Болшевик", "Ғалаба", "Барои пахта" ва дигарон гардидааст.

Бо теъдоди зиёд нашр шудани рўзнома баёнгари он буд, ки ҷарида аз бонуфузтарин нашрия дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳамзамон ҷойгоҳи нашрия дар сайқали маҳорат, тарбияи мухбирон ва қаламкашони xавон арзишманд буду ҳаст ва мактаби бузурги нависандагон, адибон ва рўзноманигорон ба шумор меравад.

Дар боргоҳи эҷодии "Бо роҳи Ленинӣ" қаламкашони номвар ҷамъ шуда буданд. Ташрифи Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳаким Карим, Зариф Раҷабов, Пӯлод Бобоев, Йӯлчӣ Бобоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳаммадҷон Нурматов, Юнус Ҳусайнӣ, Ҳомид Паҳлавонзода, Эргаш Мӯҳсинзода, Охун Шамсӣ, Самӣ Очилзода, Саид Сабур, Рустам Исматӣ, Ҷӯра Наврӯз, Рашод Махсум, аз занҳо Барака Бобоева, Майрам Бозорбоева, Назокат Шокирова, Наҷмӣ Набиева, Шаҳодат Аҳмадова ва дигарон ва ҳамкории судманди эшон бо ин нашрия аз фаъолияти пурсамари рўзнома дарак медод.

Такя ба андешаҳои Усмонҷон Ғаффоров мегӯем, ки рўзнома рўзҳои аввал дар як моҳ ҳафт маротиба нашр мешуд ва теъдодаш ба 7 ҳазор нусха расида буд. Соли 1935 рўзнома бо ҷаридаи "Пролетари Хуҷанд" пайваст мегардад. Аз моҳи январи соли 1936 то 1940 "Бо роҳи Ленинӣ" ҳамчун нашрияи шаҳрию ноҳиявӣ интишор меёбад. Дар ноҳияи Ленинобод "Бо роҳи Ленинӣ" аз нав таъсис ёфта, бо забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ ба нашр мерасад.

Соли 1940 баъди ташкили вилояти Ленинобод ба рўзнома номи "Стахановчӣ" дода шуд ва нашрия ҳамчун нашрияи кумитаи ҳизбии вилоятию ноҳиявӣ ба ҳисоб мерафт.

Соли 1958 Ленинобод баъди гирифтани мақоми ноҳия "Бо роҳи Ленинӣ" аз нав чун нашрияи кумитаи ҳизбӣ ва Шўрои вакилони халқ ба фаъолият мепардозад. Оғози солҳои 60-ум баъди барҳам хўрдани вилояти Ленинобод "Бо роҳи Ленинӣ" чун рўзномаи КМ ҲК Тоҷикистон ва управленияи территориявии истеҳсолии колхозию совхозӣ барои ноҳияҳои Нов (Ҳоло Спитамен), Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов), Мастчоҳ ва Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) интишор меёбад. Соли 1972 идораи ҳафтанома аз шаҳри Ленинобод ба кўчаи Матросови шаҳраки Советобод (ҳозира Ғафуров) кўчида омада, соҳиби манзилу макон мегардад. Инро метавон марҳалаи дуюми рӯзномаи "Бо роҳи Ленинӣ" номид.

Қаламкашони зиёде ба рӯзнома ҷалб карда шуда буданд. Рӯзноманигорон бо сарварии сармуҳаррири онвақтаи рўзнома Мӯъ-минҷон Аҳмадов ҳайати эҷодиро созмон дода, барои бетаъхир ва хушсифат чоп шудани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Абдуллоҷон Омиров, Файзулло Атохоҷаев, Ҳаннон Раҳмон, Абдусамад Мавлонов, Шарифҷон Нуриддинов, Комил Исроилов, Неъмат Оташ, Анвар Олимов, Маҳмудҷон Иброҳимов баробари идомаи анъанаи устодони хеш барои аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳия кӯчонидани идораи рӯзнома ва ташкили матбаа заҳмат мекашанд ва муваффақ мешаванд, ки рӯзнома дар қаламрави ноҳия омода ва ба чоп расад.

Аз соли 1973 чопи рўзнома дар матбааи навтаъсиси ноҳия ба роҳ монда шуд. Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Раҳбар Қосимов дар рўзи сеюми фаъолияти кориаш ҳамроҳи раиси кумиҷроияи ноҳия Абдурасул Нозиров (руҳашон шод бод) меҳмони идораи ҳафтанома шуда, бо кормандон сўҳбат ороста будаанд.

Аз соли 1991 марҳилаи нави фаъолияти нашрия оғоз меёбад. Бо баробари соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи номи ноҳияи Хуҷанд, ба рўзнома номи "Хуҷанд" дода шуд. Дар 31 соли давраи истиқлоли комили кишвар рўзнома бо ҷилои тозаву андешаҳои созгор, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар нақши барҷаста дорад.  Имрўзҳо ин ҳафтаномаи бонуфузи кишвар ба синни 90 мерасад. Номи қаламкашони номвар Ғуфрон Рустам, Ҳаннон Раҳмон, Болтуxон Умаров, Аюбxон Умаров, Рауф Раҷабов, Маҳмудбек Бобобеков, Неъмат Шариф, Мақсудҷон Рустамов, Ҳасанбой Шарифов, Ҳоҷиқурбон Раҳмонов, Абдуқайюм Юсуфов, Ҳомидxҷон Шарифов, Насруллоxон Убайдуллоев, Неъмат Оташ, Мавлуда Кенҷаева (руҳашон шод бод), Шарифxон Нуриддинов, Анвар Олимов, Мунаввара Азимбоева, Мирзоғанӣ Валиев, Ҳакимҷон Зокиров, Комилҷон Исроилов, Мавлуда Муродова, Парвина Рустамова, Муинҷон Назаров ва мухбирони фаъоли ҷамоатӣ Карим Зокиров, Илаш Тўйчӣ, Толиб Арбобӣ, Фирўза Худойбердиева, Муқим Раҳмонбердиев, Шоира Қосимова, Султон Мамарасулов, Мамаюсуф Раҳматов, Алиҷон Олимов, Раъно Шарифова, Азизбек Воҳидов, Алишер Аҳмадов ва даҳҳо дигаронро имрўз ба забон овардан мумкин аст, ки бо навиштаҳои тоза таърихи рўзро навиштаанду менависанд. Ва бешубҳа ҳамаи онҳо мактаби "Бо роҳи Ленинӣ"-ро мактаби маҳорати қаламкашии хеш меҳисобанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳафтанома тўли ин солҳо роҳи пуршараферо тай намуд. Дар солҳои фаъолияти хеш рўзнома вазифаи фахриаш инъикоси воrеъбинонаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии мардумро ба шоистагӣ ба анҷом мерасонад, ба тарбияи қаламкашон таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ба мактаби бузурги эҷодӣ табдил меёбад.

Дар солҳои мавҷудияташ вазифаи муҳарририи рўзномаро Тоҷӣ Усмон, Мирзоқосим Рустамов, Ҳоҷӣ Содиқ, Карим Солеҳзода, Усмонҷон Тоҷибоев, Мўъминҷон Аҳмадов, Аббос  Воситов, Абдуллоҷон Омиров, Маҳмудҷон Иброҳимов,  Ғуфрон Рустамов, Маҳмудҷон Ҳусейнзода (рӯҳа-шон шод бод) ба ҷо овардаанд. Имрўз саодати бузург ва шарафи бепоён моро низ насиб гардида, ки аз қадамҷойи бузургон баҳравар гардем. Ин рисолат моро водор месозад, ки шаҳомати ин даргоҳ ва нуфузи рўзнома ҳифз ва гиромӣ дошта шавад ва ҳамин гуна ба дасти насли дигар манзур гардад. Дар ин ҷода тавону қудрат ва донишу маҳоратро бо масъулияти баланди касбӣ масраф хоҳем дошт.

Ӯғулой ҚОСИДОВА,

сармуҳаррири ҳафтаномаи "Хуҷанд",

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.