“ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ, МИЛЛАТ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ”: - гуфтанд, адибони ваҳдатсаро

Ба ифтихори 27 – уми июн Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеи “Азизи дил”-и ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар доираи нақша – чорабинии  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” баргузор гардид.

 Нахуст Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҳфилро ифтитоҳ намуда, аз қадру манзалат ва арзиши Рўзи ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони навин, дастоварҳои ҳамаҷонибаи даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд.

Сипас, Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аҳли иштирокдоронро ба муносибати Рўзи ваҳдати миллӣ аз номи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода муборакбод намуда, аз рушди даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими истиқлолият, мактаби сулҳофаринии Пешвои миллат ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ андешаҳои пурмуҳтаво баён дошт. Таъкид кард, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида шуд. Дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии  халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз ёфт. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, фарҳагии ҷомеа куллан тағйир ёбад.

Дар идомаи маҳфил шоир Темурмалик Рустамов дар ситоиши Ватан, Ваҳдати миллӣ, эҳсоси меҳанпарастӣ шеърҳо қироат намуда, Тоҷикистонро нигини рўи замин ва хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ беназир арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ  Исохоҷа Каримхоҷаев, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Ўғулой Қосидова, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки сулҳи деринтизори мо боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи моро, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Вақт довар аст, ки устувории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, заминаи тамоми дастовардҳо маҳсуб меёбад ва таърихи навини давлатдории мо собит намуд, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзанди фарзонаи миллат, поягузори сулҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин шукуфоӣ расидаем. Бинобар ин ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан, ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намудан вазифаии ҷонии ҳар як фарди ватандўст мебошад.

Маҳфили ширу шакари “Адибони ваҳдатсаро” бо сароидани таронаҳои дилангези ҳофизони хушадо Носирҷон Раҳимов, Ҳусейнҷон Юсупов, Аъзам Болтубоев, Нозимҷон Раҳимов ва тарбиятгирандагони кўдакистонҳои деҳоти Ғозиён шукўҳи хосаро касб кард.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.