Иҷтимоиёт

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид. 

Аз фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ муовини раиси Шӯрои ноҳиявӣ Мастура Комилӣ ҳисобот дод. Бино ба гуфти ӯ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Шӯрои ноҳиявӣ ва фаъолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудааст. Доир ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ раиси Шӯрои куҳансолони Шӯрои вилоятӣ Қобилҷон Усмонов фикру мулоҳизаи худро баён дошта дар баробари дастовардҳо камбудиҳоро дар фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ, хоса дар самти дафтардорӣ баён кард. Дар охир як зумра аъзои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия барои фаъолияти назаррас дар соли 2023 бо Сипосномаи Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракат қадршиносӣ карда шуданд.

РӮЗИ ЯГОНАИ АХБОРИ СИЁСӢ

"Паёми Президент - ифодагари ормонҳои деринаи халқ" чунин буд мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки  дирӯз дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор гардиданд. Дар баргузории мулоқоти сокинони деҳоти Исфисор аъзои гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Одинаев Алиҷон ва Бобоҷонова Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.

ХУШҲОЛИИ КӮДАКОН САОДАТИ ДАВЛАТ АСТ

Дар тарабхонаи “Гулистон”- и ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.  Дилором Турсунзода, муовини Раиси ноҳия бо сухани муқаддимавӣ кулли кӯдакону наврасонро бо ин рӯзи шодиву нишот муборакбод намуда, Паёми табрикии раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро ба саъми ҳозирин расонид. Ҳамчунин дар чорабинӣ Амирҷон Анварзода, Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Манзура Олимова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Матлуба Ҷӯрабоева, раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз ва дигар намояндагон иштирок доштанд.

Дар ин рӯз  ба 100 нафар кӯдакони ятим ва маъюб дастурхони идона ороста шуда, туҳфаи яквақтинаи Раиси ноҳия супорида шуд. Дар як навбат наврасон изҳори сипосмандии хешро ба давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расониданд.

Кибриё Исобоева, хабарнигори “Хуҷанд”

Ҳусну фурӯғи Арбоб

- Дар дафтари хотирам аз ҷумлаи чандин таъкиду суханрониву дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе сабт шудааст: “Ман ҳамеша ифтихормандам, ки маҳз аз минбари баланди Қасри овозадори “Арбоб” ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидам ва тамоми мардуми Тоҷикистон имрӯз Қасри маданияти “Арбоб”-и таърихиро ба хотири сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон ҳамчун макони муқаддас гиромӣ медоранд ва ҳамеша онро ба унвони сарчашмаи ваҳдати миллии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд мекунанд” – ин суханони пурмеҳру саодатбори Сарвари давлатамон маро ҳамчун як тан аз фарзанди ин сарзамини кишвари офтобиамон ба азму суботи тоза ба тоза ҳидоят мекунанд, - гуфт дар суҳбат Абдузафар Иномов – директори МДВ “Қасри маданияти Арбоб”.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.