Баргузорзии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" дар ноҳия
Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор бахш: муйбофии қадима, олами афсонаҳо, мӯйбофии замони муосир ва гесӯи дарозтарин гузаронида шуда, доварон ба маҳорати ҳуснороиву мӯйпарварии иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, аз эҳёи анъанаҳои неки миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан намуда, баргузории озмуни " Чакомаи гесӯ" - ро дар ин радиф муҳим ва муассир баён дошт. Дар фарҷом ғолибон бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.