МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- Дилором Турсунзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Зокиров Раҳматҷон, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия- Муротов Насим, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, собиқадорони соҳа, директорон ва мудирони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фаъол машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

 Дар машварат нахуст аз тарафи сармутахассиси шуъбаи маориф фаъолияти соҳаи маориф дар соли таҳсили 2023-2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду камбудиҳои соҳа ёдоварӣ шуданд. Сармутахассиси шуъбаи маориф зикр намуд, ки дар ин давра дастовардҳо дар самти соҳаи маориф назаррас буда, хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Муовини Раиси ноҳия зимни суханронии хеш дар машварати августии соҳаи маориф вобаста ба масоили сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактаб, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, мониторинги сифати таҳсилот, дохилшавии хонандагон ба коллеҷҳову макотиби олии кишвар ва ғайра ибрози андеша карда, илова намуд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорони ҷавону кордон, таъмин намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф як қатор собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгороне, ки натиҷаи хуби корӣ нишон додаанд, қадрдонӣ карда шуданд.

Илова бар ин, якчанд омӯзгорон барои хизматҳои назаррас ва саҳми муносиб гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.

Машварати августии соҳаи маориф бо барномаи рангину идонаи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбаст гардид.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.