ТАЪИНОТИ КАДРӢ
Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия маросими муаррифии мудири тозатаъини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллозода Махсуда Абдулло баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Абдуллозода Махсуда Абдулло 15-уми сентябри соли 1969 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балҳии вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1991 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти русии МТМУ №15–и ноҳияи Ҷ.Балҳӣ оғоз намуда, солҳои 1993-2002 омўзгори фанни забон ва адабиёти русии МТМУ №16–и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2002-2010 Сарвари мактаб-кӯдакистонӣ №14, солҳои 2010-2011 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, солҳои 2011-2016 директори мактаб-кӯдакистони №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.
Абдуллозода Махсуда Абдулло то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2016- то соли 2024 мудири муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ- кӯдакистони №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба зимма дошт.