ҶАШНИ ФАРИШТАГОНИ ХИЛЪАТИ САФЕДПӮШ

Таҷлили Рӯзи кормандони тиб

     

Дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ бошукуҳ таҷлил гардид.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кулли иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми коркунони соҳаи тибби ноҳияро бо иди касбӣ муборакбод намуда, паёми табрикии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзодаро ба муносибати ин санаи таърихӣ ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи кормандони тиб, ки ворисони нобиғаи бузурги миллат - Абӯалӣ ибни Сино маҳсуб меёбанд, бегумон дар пешбурди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ замина гузошта, дар беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии омма мусоидат менамояд. Дар зиндагӣ саломатӣ беҳтарин неъмат аст. Нигаҳдориву ҳифзи он кори хеле масъулиятноку заҳматталаб мебошад, ки дар ин раванд нақши кормандони соҳаи тиб беандоза мебошад, зеро дар беҳдошти саломатӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар нақши духтурон ва хоҳарони шафқат калон буда, баҳри ба даст овардани солимии шаҳрвандон пайваста саъю кӯшиш менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушду инкишофи соҳаи тиб ва пурсамар гардидани фаъолияти табибон тадбирҳои бисёре амалӣ мегардонанд. Тадриҷан ва пайиҳам зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи тиб, сохтмони иншоотҳои нави тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли ин нишонаи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошад.

Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати амалигардонии Барномаи мухталифи давлатӣ ва рушду инкишофи соҳаи тандурустӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ноҳия сафи духтурони пешқадам ва соҳибтаҷриба зиёд гашта, беҳтар намудани солимии ҷамъият самти асосии фаъолияти онҳо мебошад.

  • Мо нақши барҷастаи кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба хубӣ дарк мекунем ва ҳамеша бар он мекӯшем, ки мақоми табибонро дар байни мардуми диёр боло бардорем ва меҳнаташонро сазовор қадр намоем. Ҷоизи қайд аст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳама мушкилот ва муаммоҳои соҳа нигоҳ накарда, ҷиҳати татбиқи Барномаҳои соҳавӣ босамар меҳнат мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия эътимоди комил дорад, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва татбиқи ҷадиди муолиҷа минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, - илова намуд, Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Дар идома якчанд нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо Сипосномаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ифтихорномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони ифтихории Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи калони фарҳангии аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия омодагардида, чорабиниро хотирмон гардонид.

.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.