ҲАДАФИ МО РАСОНИДАНИ ХИЗМАТИ БОСИФАТИ ТИББӢ
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлатӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, бо назардошти ин, соҳаи тандурустии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром рушд мекунад. Кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри пешбурди соҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, татбиқи стратегияву барномаҳои миллии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, солимии аҳолӣ усулҳои наву муосири муоинаву муолиҷаро ба роҳ монда дар ин давра ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Беморхонаи ноҳиявии №6 - и ҷамоати деҳоти Исмоил аз ҷумлаи чунин муассисаҳои тандурустӣ мебошад, ки барои 30.000 аҳолии деҳот хизмати тиббӣ расонида, баҳри сиҳатии омма саҳми арзишманд мегузорад. Дар беморхона 3 шуъба: шуъбаи амрози дарунӣ, кӯдакона ва таваллуд фаъолият бурда, 40 кат бо шароити хуби меъёрӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
- Айни ҳол, дар беморхона, 3 духтури дараҷаи олӣ - Мавлуда Камолова, духтури шуъбаи кӯдакона, Мавҷуда Камолова, духтури шуъбаи таваллуд ва мо - духтури шуъбаи амрози дарунӣ бо 25 нафар ҳамшираи шафқат, дар маҷмуъ бо назардошти кормандони хурди тиббӣ 56 нафар фаъолият менамоем. Духтурон ва ҳамшираҳои шафқат низ баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ, мунтазам аз курсҳои бозомӯзии такмили ихтисос гузашта, савияи дониши худро сайқал медиҳанд. Дастурҳои методиву машваратӣ, омӯзиши китобҳои нави соҳавӣ, мутолиаи маҷаллаву рӯзномаҳо низ дар ҷаласаҳои назди сардухтур муҳокима мегарданд, ки ба сайқали маҳорат ва ҷаҳонбини кормандони тиббии беморхона мусоидат менамояд. Дар беморхона ба гиёҳдармонӣ низ эътибори махсус дода мешавад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҷиҳати ҳарчӣ бештар истифода намудани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар соҳаи тиб тадбирҳо андешида мешаванд, зеро кишвари мо аз гиёҳҳо ва рустаниҳои шифобахш фаровон буда, деҳоти мо низ боду ҳавои тоза ва мавзеи хуби табииро дорост, ки гулу гиёҳҳои фоидаовар дар иқлими ин минтақа хуб мерӯяд. Билохира ҳадафи мо хизмати босифати тиббӣ расонидан ба сокинони деҳа аст, ки аз кори мо қаноатманд бошанд - иброз дошт, зимни суҳбат сардухтури беморхона Мамадқулов Авазҷон Абдуалиевич.
Тавре мушоҳида гардид, саҳни беморхона, дохили бинову шуъбаҳо, утоқҳои хизматрасониву ёрирасон, хобгоҳи беморон тозаву озода, дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ қарор дорад.
Мо аз шуъбаи кӯдакона низ назар кардем. Духтур Мавлуда Камолова, бо ҳамшираҳои шафқат машварат гузаронида, оид барномаҳои давлатӣ, аҳамияти иммунизатсия, солимии модару кӯдак суҳбати судманд менамуд. Ӯ собиқаи 37 сола дошта, 32 сол инҷониб ба мардуми ҳамин деҳа хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳамзамон дар маркази саломатии деҳоти “Исмоил” низ ҳамчун табиби оилавӣ меҳнати пурсамар менамояд. - Садоқат ба касб бароям шарафи бузург аст, то имкон дорам кӯшиш менамоям, ки ба сиҳати омма ва дар ин замина ба рушди соҳаи тандурустии як гӯшаи диёр саҳмгузор бошам. Мехоҳам сафи кадрҳои ҷавон зиёд гарданд, дар деҳаҳои дурдаст, аз ҷумла дар деҳаи мо низ норасоии кадр ҷой доранд. Кӯшиш карда истодаем, ки новобаста аз мушкилоти дурии роҳу нақлиёт ва омилҳои дигар мутахассисони ҷавон ба кор оянд. Мо ҳамеша тайёр ҳастем, ки онҳоро дастгирӣ намоем, - мегӯяд, ӯ.
Тавре Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “ Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст.” Бинобар ин масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар ин росто беморхонаи ноҳиявии №6 – и ҷамоати деҳоти Исмоил низ ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар талоши худро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона сохта, дар ин раванд фидокорона меҳнат хоҳанд кард.
Ӯғулой Қосидова, рӯзноманигор.
(Дар расм: сардухтури беморхонаи№ 6 бо ҳайати кормандон)