ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон, дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, собиқадорон ва варзишгаронро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, афзуд, ки дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз асоситарин омилҳои муваффақият аст. Ин дастгирӣ имкон дод, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами кишварро баланд бардоранд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, варзишгарони Суғд ба дастовардҳои беназир муваффақ шуданд: онҳо 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ин муваффақияти азим на танҳо як ифтихори миллӣ мебошанд, балки нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба варзиш дар вилоят ба сатҳи хеле баланд расидааст.
Дар идома ҷиҳати қадрдонии варзишгарон, мураббиён ва собиқадорон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин эътироф варзишгаронро боз ҳам рӯҳбаланд мекунад, ки барои муваффақиятҳои оянда бештар кӯшиш кунанд.
Чорабинӣ бо як барномаи фарҳангии рангин ба итмом расид, ки шукуҳи хосае ба он бахшид.
Ин рӯз на танҳо таҷлили ин санаи таърихӣ, балки як имконияте барои эътироф кардани онҳое буд, ки ҳаёти худро ба ин соҳа бахшидаанд, аз мураббиён то собиқадорон. Онҳое, ки барои пешрафти варзиш дар кишвар саҳми худро гузоштаанд.
"Парвозгоҳи бузургон"