Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳни макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии тантанавии ноҳиявӣ бо иштироки меҳмонони расмӣ, баргузор гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Наврӯз чун ифодагари сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари баргузории чорабинии муҳташам, намоиши Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз кабили гуштини миллии камарбандӣ, шоҳмот, бандкашӣ, варзиши сабук, дастхобонӣ, сангбардорӣ ва намоиши намудҳои олимпӣ аз кабили таэквандо, футбол, волейбол ва намоиши намудхои миллӣ аз қабили чиллакбозӣ, ошукчозӣ, лакпарбозӣ, лалакпаронӣ, бодбаракпаронӣ, арғунчакбозӣ ва дигар намудҳо бо иштироки васеи наврасону ҷавонон ва варзишгарон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар фарчоми чорабинӣ ба ғолибону ҷоизадорон медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки фестивали мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нав, арҷ гузоштан ба анҳанаҳои миллӣ ва муайян намудани дастаи мунтахаб ба хисоб меравад.