Мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон ва ҷавонон

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дастгирии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори ҷавонони ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон ва ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобикаи мазкур зиёда аз 100 нафар варзишгарони шаҳри Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиварии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва мактаби варзиши№1 сарфароз гардонида шуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.