ИҚДОМИ ХУБИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ

   

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон аз ҷумла сокинони маҳаллӣ, ба тамрини доимӣ фаро гирифтани ҷавонон ва наврасон тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. 

Дирӯз дар деҳаи Чорсуи Ҷамоати деҳоти ­Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷҳизотҳои варзишӣ ба монанди турник ва брус аз ҷониби чавонони фаъоли ин деҳа сохта ба истифода дода шуд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия минбаъд низ баҳри оммавияти варзиш кӯшиш намуда, ҷавонону наврасонро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.