ВАРЗИШ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ИНСОНИ БАРКАМОЛ

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиши ноҳия ҷамъомади хотирмон ташкилу баргузор карда шуд.

 Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилором иштирокдоронро аз номи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло табрик намуда, доир ба рушди минбаъдаи варзиш дар ноҳия мулоқоти озоду самимӣ баргузор намуд. Зикр карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун омили ташаккули инсони баркамол дар ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми хоса пайдо намуда, бозиҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Дар ноҳия се адад мактаби варзишӣ, 5 адад варзишгоҳҳо, зиёда аз 177 адад майдончаҳои варзишӣ, 66 адад толорҳои варзишӣ ва 2 адад ҳавзи шиноварӣ фаъолият дорад. Дар мактабҳои варзишии ноҳия зиёда аз 1080 нафар ҷавонону наврасон ҳамарӯза ба машқу тамрин ва варзиши касбӣ фаро гирифта мешаванд. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, давра ба давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуда истодаанд.

Варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба ҳаёти солими инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоиву экстремистӣ гаравидани одамон бахусус ҷавонон, ҷиноятсодиркунӣ, нашъаҷаллобию нашъамандӣ таҳдид мекунанд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро аз ҷумлаи корҳои муҳим меҳисобем.

Дар охири мулоқот ба 18 нафар варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони варзиши ноҳия сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.