Зи хубӣ рӯи хубат хубтар бод!

                                                                                                                                                                                                                                               *Меҳрнома

   

    Ӯро ҳанӯз аз айёми довталаби  донишҷӯи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буданам мешиносам. Он солҳо духтараки ҳуҷҷати довталабонро қабул намуда, ба онҳо дар баъзе мавридҳо маслиҳатҳо медод ва ҳамеша табассуми малеҳ дар лабонаш гул намуда, ба чеҳраи зебояш ҳусни дигаре зам менамуд. Сонитар дарёфтам, ки ӯ донишҷӯи аълохони факултаи физикаю математикаи донишкада Қурбонҷон Мирзоева асту чун комсомоли фаъол дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт.  Дар он солҳо ба сафи Ҳизби Коммунист на ҳар касро муносиб медонистанд, вале ин духтари пурмасъулияту ташаббускор тавонист, сазовори боварӣ гардида, ҳанӯз дар синни бистсолагӣ ба сафи ҳизбиён пазируфта шавад. Номбурда фаъолияти кориашро чун омӯзгори фанни физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 36-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, дар муддати кӯтоҳ ӯро чун омӯзгори қобилиятнок, кордону ташкилотчигӣ  дар ноҳия шинохтанд. Ҳамин буд, ки соли 1986 ба кори ҳизбӣ - инструктори кумитаи ҳизбии ноҳия даъват намуданд. Баъди чанд муддати фаъолият ӯро барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ ба Мактаби партиявии шаҳри Тошканд мефиристанд. Соли 1992 котиби дуюм ва баъди чанд моҳ котиби аввали  ҳизбии ноҳия интихоб гардид. Ин вазифаи баланд аз ӯ маҳорат, иродаи қавию кордонӣ ва масъулияти басо баландро талаб мекард. Дар ин ҷода аз мактаби котиби аввали вақти Ҳизби Коммунисти вилоят Темурбой Мирхолиқов( равонаш шод бод) ва чанде дигарон сабақ меомӯхту пайрави кори онон мешуд. Заҳмату фидокориҳояш буданд, ки тавонист, ташкилоти ҳизбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муташаккилу устувор нигаҳ дорад. 

     Донишу таҷриба, маҳорати кордониаш буд, ки Қурбонҷон Мирзоеваро соли 2010 ба вазифаи раиси шаҳраки Ғафуров таъин намуданд ва ӯ дар ин вазифа низ хуб фаъолият бурд. Дар зиндагӣ ба мақому манзалат, комёбию муваффақият  насиб гардидан, ин подоши хизмати ҳалол ба мардум, дуои неки пирони рӯзгордида, боварии модарону устодон аст. Натиҷаи фаъолияти пурсамараш буд, ки соли 2010 бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи чунин бонувони фидокору садоқатпеша хеле хуб гуфтаанд: “Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.”

- Аз он ифтихормандам, ки занону духтарони тоҷик бо дониши баланд, бархурдор аз илму технологияи  пешқадам, забондону соҳибфарҳанг ва ахлоқи ҳамида дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдорӣ саҳми муносиб мегузоранд,- изҳор медорад котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева.

    Ҳоло даҳ сол аст, ки Қурбонҷон Мирзоева вазифаи басо пурмасъулият – котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилоят ва дар як вақт котиби КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро ба зимма дорад.

    Мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд, чунки ин зани бомаърифат, мушкилнописанду заҳматпеша ва аз ҳама муҳимаш ростқавлу росткор ҳамеша байни мардум аст. Дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят се навбат вакил интихоб шудааст. Ин масъулият ӯро водор мекунад, ки ҳамеша сазовори эътиқоду эътимоди интихобкунандагонаш бошад, саъю талош меварзад, ба халқу Ватан содиқона хизмат намояд.

    Вай аз зиндагии бобарори хеш ризост, зеро дар замини рӯзгораш бо дониши баланд, ва хислатҳои некаш боғе сабз намудааст, руҳи гузаштагонро, бахусус, руҳи падару модари омӯзгорашро бо амалҳои некаш пос медорад. Ин зани қавӣ ва пурталош бо зебоии ботинӣ ва зоҳирии хеш тавонистааст, ки дили мардумро низ обод созад. Вай саодату хушбахтиҳои зиндагии хешро аз иқболи фарзандони азизу оилаи аҳлу тифоқаш медонаду қавлу амалаш собит сохтааст, ки  Қурбонҷон Мирзоева натанҳо роҳбари ҳақиқӣ, ҳамчунин зани вафодору модари ғамхор, бибии меҳрубону дӯсти содиқ низ ҳаст. Фарзандону наберагон ва шогирдони вафодораш ҳамеша пайраву номбардораш мебошанд.

     Дар ин айёми шаҳдрез ин бонуи накуном ба баҳори 70-умин умр расид. Таманно дорем, ки ин инсони шарифу донишманд бо руҳи тавоною хирадмандии беамсол, истеъдоду касбияти воло ҳамеша маҳбуби дилу дидаҳо бимонад!

Ҷамолат офтоби ҳар назар бод,

Зи хубӣ рӯи хубат хубтар бод!       

Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,

 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.