НИГОҲИ ХЕШУТАБОРӢ: ЧӢ БОЯД КАРД?

     

     Оила - пояи ҷомеа аст ва ҳар як фард ҳуқуқ дорад, ки оилаи хушбахту мустаҳкам дошта бошад. Аммо мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза баъзе амалҳое ҳастанд, ки метавонанд ин пояро халалдор созанд. Яке аз ин масъалаҳои нигаронкунанда никоҳи хешутаборӣ мебошад.

    Волидайн бо нияти мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ, баъзан фарзандони худро ба хешовандон медиҳанд. Онҳо бовар доранд, ки ин кор ба хушбахтии оила мусоидат мекунад, аммо дар асл, ин метавонад боиси оқибатҳои ногувор гардад. Масалан, таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ирсӣ, ки баъдан боиси вайрон шудани оилаи ҷавон мегардад.

    Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 14-и худ ба таври равшан мегӯяд, ки ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ аст. Ин қонун барои ҳифзи солимии насл ва ҷомеа аз оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ қабул шудааст. Аммо баъзе одамон ба ин қонун риоя намекунанд ва ба хотири манфиатҳои худ оилаи хешутаборӣ ташкил медиҳанд.

    Мувофиқи маълумоти мутахассисон, дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ хатари таваллуди кӯдакони гирифтори бемориҳои ирсӣ ба таври назаррас зиёд мешавад. Дар ҳолате, ки дар насл бемориҳои ирсӣ мавҷуд аст, эҳтимоли таваллуди кӯдакони дорои ин бемориҳо зиёд мегардад.

     Ягона роҳи пешгирии ин мушкилот қатъ кардани никоҳи хешутаборӣ мебошад. Мо бояд дарк намоем, ки риояи ин қонун барои солимии насл ва пешрафти ҷомеа муҳим аст. Ба ҷои он ки ба манфиатҳои оилавӣ фикр кунем, волидон бояд дар бораи хушбахтии фарзандони худ ва солимии насли оянда андеша намоянд. Аз ҳама муҳим мо - ҷавонон, ки дар интихоб ва бунёди оила озод ҳастем, вақте ки масъалаи нигоҳ бо хешутабор ба миён ояд, розигӣ надиҳем. Агар мо розӣ набошем, ҳеҷ гоҳ издивоҷ ба миён намеояд. Насли ҷавони имрӯза насли огоҳ, зирак аз маълумотҳои тиббии шабакаҳои интернетӣ ҳам медонанд, ки никоҳи хешутаборӣ оқибати нохуш дорад. Бинобар ин ба тақдири ояндаи худ бетараф набошем.

Нурафшон Собирова, таҷрибаомӯз дар рӯзомаи “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.