ЭЪТИБОР БА СОҲАИ САЙЁҲӢ

          Соҳаи сайёҳӣ - яке аз самтҳои иқтисодии кишвар маҳсуб ёфта, солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

     Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.  Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя ба ин самт ва омода кардани кадрҳои болоёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

      Алҳол Тоҷикистон дар руйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рўйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ соҳаи сайёҳи боз ҳам рушд ёфт.

     Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба соҳаи сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як қатор иншооти муосири хизматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Дар ду соли охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар ҳудуди ноҳия 1 меҳмонхона дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, тарабхона дар ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Д.Холматов, Хистеварз, Ғозиен мавриди истифода қарор дода шуд.

    Инчунин, боиси қайд аст, ки дар назди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин барои боз ҳам ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ноҳия мусоидат менамояд. 

     Имрўзҳо дар ин мавзеъҳои таърихӣ ташрифи сайёҳон ба чашм мерасад, ин бозгўи он аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирӣ ва рушди сайёҳӣ дар ноҳия, ин мавзеъҳо низ минтақаҳои сайёҳӣ эълон хоҳанд шуд.

            Мунира Соҳибова, масъули соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.