АМАЛИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА НЕРӮҲОИ ҒАЙРИҲАРБИИ КОРХОНА ҲАНГОМИ БА АМАЛ ОМАДАНИ САДАМАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ
Тамрин
Дар асоси қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 10 январи соли 2024, №10 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳия оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024" ва бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳайати роҳбарикунанда, коргарону хизматчиён, такмили малакаи мустақилона амал намудани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда дирӯз дар заминаи ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» машқи иншоотӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва нерӯҳои ғайриҳарбии корхона ҳангоми ба амал омадани садамаҳои истеҳсолӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Баъд аз ҷамъомади умумӣ коргарону хизматчиён ба ҷойҳои кории худ сафарбар гардида, соати 10-15 дақиқа бонги хатар дода шуд. Бо шунидани бонги хатар коргарону хизматчиён, нерӯҳои ғайриҳарбии ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» дар ҷои шартии бехавф саф оростанд.
Баъд аз шунидани гузоришҳои роҳбарони сехҳо оид ба баромадани коргарону хизматчиён ба ҷои бехавф ва гузоришҳои командирони нерӯҳои ғайриҳарбӣ оид ба ҳолати омодагӣ, бо супориши роҳбари корхона корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ оғоз гардид.
Зимни гузаронидани машқ нерӯҳои ғайриҳарбии корхона чорабиниҳои амалии худро нишон доданд. Ҳамзамон дар гузаронидани машқ амалиёти гурӯҳи наҷотдиҳии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати вилояти Суғд оид ба фаровардани зарардидагон аз ошёнаи 2-уми бинои истеҳсолӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ба муассисаи тиббӣ равона намудани онҳо намоиш дода шуд.
Дар ҷамъбасти машқи иншоотӣ иштирокчиёни фаъол ва командирони нерӯҳои ғайриҳарбӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.