Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест.
Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Роҳпаймоии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони "Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!"

18-уми декабри соли 2019 бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо илҳом аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони "Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!" ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳпаймоӣ баромаданд. Ҷавонон бо шиору хитобаҳои "Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем", "Хиёнаткор Ватан надорад", "Терроризм ва экстремизм хатар ба амнияти ҷомеа", "Нест бод терроризм ва экстремизм!", "Ояндаро бе терроризм ва экстремизм бунёд менамоем!" ва амсоли инҳо ба роҳпаймоӣ баромада, ҷонибдории хешро дар оштинопазирӣ бо зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар роҳпаймоӣ зиёда аз 8 ҳазор нафар донишчуену хонандагон, чавонону варзишгарон ширкат намуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1067
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6103
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35622
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352317