НАБЗИ РУШД: ТАВАҶҶУҲ БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ - 2025
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати VII) бо иштироки вакилон, масъулини соҳа ва намояндагони воситаҳoи ахбори омма баргузор гардид.
Кори иҷлосияро муовини якуми раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сафедтеппа, №18» Абдуаҳад Ҳакимзода оғоз намуда, рӯзномаи Маҷлисро, ки аз масъалаҳои
- рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”;
- дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба тасдиқи нақшаҳои муфассали тарҳрезии қисмҳои Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ёва ва Унҷӣ, ки дар мувофиқа бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст;
- тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия иборат буд, муаррифӣ кард.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” маърӯзаи муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода шунида шуд. Таъкид шуд, ки рушди таҳсилоти томактабӣ пойдевори муҳим барои ташаккули шахсияти кӯдак ва омодагии ӯ ба зинаҳои минбаъдаи таҳсил мебошад.
Дар музокираронӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода ва вакил аз ҳавзаи интихоботии «Дилкушо, №10» Дилором Муқимзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо ба масъалаи боз ҳам беҳтар кардани шароити таълимӣ ва фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, пешниҳодҳои мушаххас баён доштанд. Ин муҳокима нишон дод, ки намояндагони халқ аз вазъи соҳаи маориф пурра огоҳанд ва барои ҳалли мушкилот талош доранд.
Дар идома масъалаи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Муовини раиси ноҳия Фирдавс Абдуллозода гузориши муфассалро дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ пешниҳод кард. Ин тағйирот бо мақсади боз ҳам пуршукӯҳтар ва хотирмонтар таҷлил намудани ин санаи муқаддас равона гардидаанд.
Дар идома дигар масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия гузошташуда, таҳлилу баррасӣ шуда, ба ҳамаи масъалаҳо пурсишу вазифагузориҳо гардиданд.
Дар кори Маҷлиси ноҳиявӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов низ иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти ҳамкории зичи байни мақомоти маҳаллӣ ва вилоятиро дар роҳи амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бори дигар собит намуд, ки вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъалаҳои ҳаёти мардум таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва барои пешрафти ноҳия ва беҳбудии зиндагии ҳар як сокин талош меварзанд.
Хабарнигори "Парвозгоҳи бузургон"