Ғолибият муборак!

      

Малика Қосимова - роҳбари шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни вилоятии «Беҳтарин сартабиби муассисаи тандурустии вилоят дар соли 2022» ғолиб омада, бо Диплом ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадр карда шуд.

 

        Маросими супоридани дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулӣ дар таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар фазои бошукуҳи тантанавӣ роҳандозӣ  гардид.

        Ин муваффиқиятро ба муаллимаи гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муборакбод мегӯем.

 

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти

 иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.