Сафари омӯзишӣ барои омӯзгорон аз ВМКБ

Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли ҷорӣ сафари омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ - истеҳсолии муассисаҳои таълимии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ - истеҳсолии муассисаҳои таълимӣ аз МД “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, филиали МД “Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе” филиали МД “Маркази таълимӣ - калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Хоруғ, дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъаба ва дигар намояндагони ниҳодҳои марбута, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини Вазир Ализода Алишер Ҳикматулло ба вилояти Суғд сафари омӯзишӣ анҷом дода, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид намуданд.

 

Дар доираи сафари омӯзишӣ ҳайати меҳмонон аз ҷойҳои таърихӣ, маркази ҳунармандӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ошноӣ пайдо карданд. Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суҳбат иттилоъ дод, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи калонтарин ноҳияҳои миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар самти рушди саноати сабук, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина рушди ҳунармандӣ, дастгириву ҳавасмандкунии ҳунармандон яке аз ноҳияҳои муваффақ ҳисобида шуда, дар ин самт Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии рӯзафзуни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода солҳои охир тамоми либосҳои мактабӣ, варзишӣ, соҳавӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии маҳаллӣ бо сифати баланд истеҳсол мегарданд. Маҳсулоти коргоҳҳо воридотивазкунанда буда, рушди ин соҳа имконият дод, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ, бо маоши мувофиқ барои занони хонашин ва бешуғл фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба бозори дохилӣ ворид намудани маҳсули меҳнати ҳунармандон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳар як ҳунарманди ноҳия дар меҳвари таваҷҷӯҳи мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло бо ҳунармандон, кормандони коргоҳи дӯзандагии «Амир» суҳбати самимӣ анҷом дода, аз маҳсули меҳнати онҳо изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ин табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳо, сафарбаркунии ҷавонон барои омӯзиши касбу ҳунарҳо ва дар ин замина тақвияти дӯстиву ҳаммкории дуҷониба мебошад.  

Дар ин рӯз ҳайати меҳмонон бо фаъолияти МД Мактаби касбӣ – техникии№75, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин меҳнати пурмаҳсули кормандони корхонаи дӯзандагии «Амир» ва Маркази ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуда, бобати нозукиҳои касб, ороишот ва тарзи пешниҳоди он, истифодаи технологияи муосири дӯхт ва дигар масоили марбута суҳбатҳо оростанд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.