Санаи 19 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи ҷавонони фаъол мулоқоти Раиси ноҳияии Бобоҷон Ғафуров ва конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» баргузор гардид.

Зимни баргузори мулоқоти мазкур Раиси ноҳия бо ҷавонон дар хусуси имконияту шароитҳои фароҳамовардашуда барои ҷавонон ҳарф зада, даъват ба амал овард, ки ҳамчун созандагони фардои ободи сарзамини Тоҷикистон бар зидди ҳамаи падидаҳои номатлуби ҷомеа муборизаи беамон баранд.

Сардори шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифзода Эҳсон Темур оид ба маҳфумҳои экстремизм ва терроризм ва ҳодисаҳои нангини шомилшавии ҷавонону наврасон ба ин падидаҳои номатлуб бо мисолҳои мушаххас суханронӣ намуд.

Ҷавонони фаъоли ноҳия Мансурова Замира, Турдиев Абдурасул ва чанде дигарон оид ба маҳкум намудани амалҳои экстремистию террористӣ ибрози ақида намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин оид ба барҳам задани падидаҳои номатлуби экстремистию террористӣ сардори шуъбаи ноҳиявии КДАМ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шарифзода Б. ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Саидов Саидумрон фикру ақидаҳои ҷолиб ва дастуру тавсияҳо баён намуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1143
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6179
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35698
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352393