Муборакбодии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Дар зиндагӣ саломатӣ беҳтарин неъмат аст. Нигаҳдориву ҳифзи он кори хеле масъулиятноку заҳматталаб мебошад, ки дар ин раванд нақши кормандони соҳаи тиб беандоза мебошад, зеро дар беҳдошти саломатӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар нақши духтурон ва хоҳарони шафқат бағоят калон буда, баҳри ба даст овардани солимии шаҳрвандон пайваста саъю кӯшиш мекунанд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушду инкишофи соҳаи тиб ва пурсамар гардидани фаъолияти табибон тадбирҳои бисёре амалӣ мегарданд. Тадриҷан ва пайиҳам зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи тиб, сохтмони иншоотҳои нави тандурустӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли ин нишонаи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошад.
Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳти раҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати амалигардонии Барномаҳои мухталифи давлатӣ ва рушду инкишофи соҳаи тандурустӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Мо фахр мекунем, ки дар ноҳияамон сафи духтурони пешқадам ва соҳибтаҷриба зиёд гашта истодаанд ва беҳтар намудани солимии ҷамъият самти асосии фаъолияти онҳо мебошад.
Муҳтарам кормандони шарафманди соҳаи тиб!
Иди касбии Шумо, ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии мамлакатмон таҷлил мегардад ва мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо мову Шумо дар остонаи таҷлили ҷашнвораи бузурги 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Боварӣ дорам, ки табибони заковатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри истиқболи сазовори ин ҷашнвораҳои бузург маҳорату малакаи худро дар амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ масраф менамоянд. Зеро Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштаанд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар фарди миллат равона намоем. Дар хотир дошта бошем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Мо, нақши барҷастаи кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба хубӣ дарк мекунем ва ҳамеша бар он мекӯшем, ки мақоми табибону пизишконро дар байни мардуми диёр боло бардорем ва меҳнаташонро сазовор қадр намоем. Ҷоизи қайд аст, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳама мушкилот ва муаммоҳои соҳа нигоҳ накарда, ҷиҳати татбиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои милливу соҳавӣ босамар меҳнат мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия эътимоди комил дорад, ки кормандони кулли муассисаҳои тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, татбиқи усулҳои ҷадиди муолиҷа, пешгирии бемориҳо ва татбиқи амалии Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо ин ниятҳои нек, тамоми кормандони соҳаи тандурустиро бо иди касбӣ табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва дар меҳнати масъулиятноку шабонарӯзиашон барору муваффақиятҳо таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, табибони азиз!