Субҳи имрӯз,14 марти соли 2020 тибқи супориши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши нохияи Бобочон Гафуров ва бо дастгирии Раиси нохия муҳтарам Зариф Назирй чорабинии оммавӣ - варзишии марафони велосипедронӣ ва дави Наврӯзӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси нохияи Бобочон Гафуров муҳтарам Турсунзода Дилором, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши нохия Дилшод Тошбоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал муовини Раиси нохия Турсунзода Дилором табрикоти Раиси нохия муҳтарам Зариф Назириро ба самъи иштирокдорон расонида, оид ба манфиатҳои варзиш, оммавигардонии он, рушди инкишофи тарбияи ҷисмонӣ, бунёди толору майдончаҳои варзишӣ баромад намуданд.

Дар дави наврӯзӣ беш аз 8 ҳазор ва марафони велосипедронӣ беш 700 нафар ҷавонон, наврасон ва сокинон фаъолона ширкат карданд.

Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз650
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта863
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1513
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ29346
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21491
mod_vvisit_counterҲамагӣ288676