Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 79,1 фоиз иҷро шудааст
10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд.
Раиси вилоят аз ҷумла дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобо Мақсуд вазъи чиниши пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил саҳм гузошт ва ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақша имсол 18500 тонна пахта истеҳсол карда мешавад. Пахтакорону ҳашарчиён ҳамарӯза беш аз 380 тонна пахта чида, ба хирман супорида истодаанд. Аз аввали мавсим дар ноҳия 14631 тонна пахта истеҳсол гардидааст, ки ин ба 79,1 фоизи нақша баробар аст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ва хоҷагидорону пахтакорон ҷиҳати пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, сари вақт супоридани пахта ба корхонаҳои коркард дастуру супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки нақшаи истеҳсоли пахта дар вилоят то имрӯз 62,2 фоиз иҷро шуда, 83236,5 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд