ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВОХЎРДАНД

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Аҳмедов ва Мирзозода Мавлуда Зайнӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Вакилон роҷеъ ба 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати тирамоҳӣ, захираҳои маводи озуқаворӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва дигар масоили муборами рӯз ибрози назар намуданд.

 

Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти таърихии худ дар давраи баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар таҳким ва бақои сохти давлатдории тоҷикон ҳамчунин дар якпорчагии сарзамини Тоҷикистон нақши босазое дорад. Аҳамияти бузургу таърихии Иҷлосияи XVI дар он аст,  ки маҳз ҳамин Иҷлосия ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва ақлу заковати бузург буда, метавонад пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиҳоро гирифта обрӯву нуфузи кишварро баланд бардорад. Дар ҳақиқат хизмати аз ҳама бузурги Иҷлосия дар назди таърих он аст, ки халқи моро дар як давраи ҳассоси таърихӣ аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Дар Паёми шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 - солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ  таъкид гардидааст: ”Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он сӣ сол сипарӣ мегардад, аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул кард”.   

Инчунин вакилон гуфтанд, ки истифодаи самараноки заминҳои назди ҳавлигӣ, аз як замин гирифтани 2-3 ҳосил, захиракунии маводи озуқаворӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пайваста зикр мегарданд, андешаи дурбинона буда, дар ҳақиқат амалигардонии масъалаҳои болозикр дар болоравии некӯаҳволии мардум дар фасли сармо мусоидат менамояд. Даъвати тирамоҳии ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубрами рӯз маҳсуб ёфта, авзои сиёсии ҷаҳон, ҳодисаҳои моҳи сентябр дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров рух дода, бори дигар собит месозад, ки ҳар як ҷавони ватандӯст бо як нерӯмандӣ ва ифтихори ватандорӣ марзу буми хешро ҳифз намояд, дар амнияту сулҳу суботи саросарӣ саҳмгузор бошад. 

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суҳбат таъкид сохт, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизбони чорабинии бошукуҳи таърихӣ буда, барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар татбиқу амалигардонии масъалаҳои мавриди зикр аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.

Ӯғулой Латифӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ, таваҷҷӯҳи доимии Роҳбари давлат нисбати ҷабаҷокунии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат ва барномаву стратегияҳои давлатӣ ибрози ақида намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.