Заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд
Заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. Муждаи зафарро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода имрӯз, 21 октябр ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.
Пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон ӯҳдадор гардида буданд, ки аз майдони пахтазор 18 ҳазору 500 тонна пахта истеҳсол карда, ба корхонаҳои коркард супоранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ба санаи 21 октябр нақшаи пешбинишударо сарбаландона иҷро карданд.
Бояд қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ ва бо ин мақсад таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва тавассути ин таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
Пахтакорони вилоят азм доранд, соли равон дар дамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 134 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. То санаи 21 октябр ба хирман 104 ҳазору 532,2 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки баробари 78,1 фоизи нақша мебошад. Ҷамъоварии пахта дар навоҳии пахтакор идома дорад.