21 декабр дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд.

Дар маросими ба корандозии зеристгоҳ, ки бо ҳузури муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқӣ бо мақсади ба эътидол овардан ва интиқоли сифатноки қувваи барқ бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот муаммоҳои кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ва аҳолии ҳудуди деҳот бартараф гардид.

Зеристгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, барои камбор намудани зеристгоҳҳои ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов таъсири мусбӣ мерасонад ва дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар минтақа беҳтар мегардад.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни ба истифодадиҳии иншооти энергетикӣ иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва садҳо километр хатҳои интиқоли нерўи барқ сохта ба истифода дода шуданд ва дар натиҷаи сокинони мамлакат пурра бо нерӯи барқ таъмин гардиданд.

Айни замон низ сокинони мамлакат бо нерӯи барқ пурра таъминанд ва сокинон бояд нерӯи барқро самараноку сарфакорона истифода намоянд. Зеро истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ имкон медиҳад, ки тамоми соҳаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо барқ таъмин гарданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз867
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта858
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3518
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6016
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14928
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23394
mod_vvisit_counterҲамагӣ541378