Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳалҳо санаи 24 декабри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Кори Шӯроро раиси Шӯрои ноҳиявӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек оғоз намуда, бо масъалаҳои баррасишаванда шинос намуд. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Тошбоев Дилшод аз рафти иҷрои супоришҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориши муфассал пешниҳод намуд. Дар музокираронӣ атрофи масъалаи баррасигардида раиси Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов – Ғафуров Абдурозиқ, директори Маркази ҷавонони ноҳия – Ҳаназаров Парвиз, гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодиров Фотеҳ, табиби беморхонаи марказии ноҳия – Набиев Муҳсин, варзишгар – Абдуваҳобова Рухшона суханронӣ намуда, паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони ноҳияро мукаммал намуданд.

Зимни баёни маърӯзаву суханрониҳо раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ноҳия Давлатзода Зафарбек доир ба густариш бахшидани фаъолияти бахши ҷавонон дар самти вусъат додани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили ҷиноятсодиркуниву шомилшавии ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву моҷароҷӯ, маблағгузорӣ ва амалисозии барномаҳои давлатии соҳавӣ, фарогирии бештари ҷавонон ба чорабиниҳои варишиву фарҳангӣ, бедор намудани завқи китобхониву китобдӯстӣ, бунёду навсозиҳои марказҳои маданиву варзишӣ, маданияти истифодаи расонаҳои хабарии шабакаҳои интернет, ҷоннок намудани марказҳои ҳунаромӯзии ҷавонону занон, таҳияи нақшаҳои реалии сохтмони майдончаву толорҳҳои варзишӣ дар деҳаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби саховатмандону сармоягузорон, тадбирҷӯиҳо барои зиёд намудани сафи ҷавонони фаъолу лаёқатманд ва ҳавасмандгардонии онҳо дар назди аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар охир ба 40 нафар ҷавонону наврасони лаёқатманд, ки муҳассилини колеҷу муассисаҳои таълимии ноҳия мебошанд ва аз тарафи комиссияи озмунӣ гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муқаррар гардидаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатнома ва стипендияҳои раиси ноҳия супорида шуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз740
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта858
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3391
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6016
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14801
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23394
mod_vvisit_counterҲамагӣ541251