Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҳайати васеи кормандони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода оид ба фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия ба суолҳои рӯзноманигорон посух дод. Дар нишаст бобати масоили марзӣ, таъминоти оби нушокӣ, кишти зироатҳои полезӣ, сохтмону таъмир ва аз навсозии иншоотҳои соҳаи маориф, вазъи соҳаи тандурустӣ, норасоиҳои кадрӣ дар соҳа, интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҷойҳои кофӣ ба қабули беморон, таъмир ва мумфаршкунии роҳ, вазъи ҷудошавии оилаҳо ва бекоршавии ақли никоҳ дар соли 2020 ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.