Баргузории чорабинии идона бахшида ба 28-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 28-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни сухани табрикӣ зикр дошт, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.
Дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Чорабинии идона бо баргузории барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.