Раиси вилоят ба аёдати собиқадори соҳаи кишоварзӣ Аҳмадҷон Қосимов рафт
19 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Қосимовро аёдат намуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо собиқадори меҳнат ӯ ва аҳли оилаашро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони меҳнат қадршиносӣ шуда, кору пайкори шахсони соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром барои дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон хизмат мекунад.
Боиси зикр аст, ки механизатори номӣ Аҳмадҷон Қосимов соли 1926 таваллуд шуда, солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурдаааст. Ӯ ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст ва ҳамчун устоди пахта бо ордену мукофотҳои давлатӣ кадрдонӣ карда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд