Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Моҳир семент»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад.
Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, бо истифода аз муосиртарин техникаву таҷҳизоти корӣ ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар замин бунёд гардид.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи нав 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент — М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.
Зимни истеҳсол таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи сифати маҳсулоти ниҳоӣ зоҳир гардида, санҷиши он дар чор марҳила анҷом дода мешавад. Барои муайянсозии таркиб ва сифати сементи истеҳсолгардида, таҷҳизоти муосири лабараторӣ дар корхонаи нав харидориву насб карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз лиҳози лагистикӣ низ дар мавзеъи мувофиқ ҷойгир буда, аз ин ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст. Қисми бештари сементи истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур чун маҳсулоти содиротӣ ба Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот карда мешавад.
Барои шиносоӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ва харидории он корхона дорои толори фурӯш буда, дар ин ҷо барои мизоҷон шароити мусоид, аз ҷумла хизматрасонӣ тариқи корт роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулин дастгоҳҳои насбшуда насли нави техникаи соҳавии корӣ буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти мазкур сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин намуда, ҳамчунин ҳаворо аз олудашавӣ нигоҳ медорад ва имконият медиҳад, ки чангу ғуборе, ки ҳангоми истеҳсолот ба вуҷуд меояд, дубора коркард шавад.
Ифтитоҳи Корхонаи сементбарории “Моҳир семент” идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — “Саноаткунонии босуръати мамлакат” буда, феълан ин коргоҳ аз азимтарин корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба шумор меравад. “Моҳир семент” дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар маҷмӯъ то таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳия бунёду ба истифода додани 14 иншооти саноатӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин ба ободонии гирду атрофи корхона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар доираи корҳои ободонӣ саҳни он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудааст.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки барои рақобатпазрии маҳсулот назорати сифатро ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, истеҳсолу содироти онро марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.