Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух бинои Қасри фарҳангро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.
Иншоот дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, майдони сохтмони зери бинои асосӣ 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Қасри фарҳанг бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нарзулло-2008” бунёд шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона утоқҳои либосивазкунӣ барои ҳунармандон ташкил карда шудаанд.
Дар ошёнаи якум толори асосӣ бо 460 ҷойи нишаст, толори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот ва китобхонаи электронию анъанавӣ иборат мебошад. Китобхона дорои 3 ҳазор нусха китоб аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва дар самти ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Ин аст, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар ба таври назаррас рушд намуда, мутахассисони лаёқатманд ба камол мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021-ро фаро мегиранд, корҳои созандагию ободонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат пайдо намуда, дар ин замина барои мардум шароити созгори зиндагӣ фароҳам омад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили боғҳои фарҳангии замонавӣ ва дигар тадбирҳои шоиста дар деҳаҳои дурдасти кишвар сабаби он гардид, ки барои сокинони бешуғл ҷои кори доимӣ ташкил гардад. Дар Қасри фарҳанги деҳоти Ворух 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ҳамчунин теъдоди иштирокчиёни маҳфилҳо ба 70 нафар баробар гардид.
Қасри фарҳанг бо тарҳи ҷадид сохта шуда, намои берунии он ба зебоии маркази деҳот ҳусн зам мекунад.
Девораҳо ва сутунпояҳои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро ёфта, дар саҳни он ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Ҳудуди иншоот дар шаб пурра чароғон буда, барои таъмини фароғату истироҳати сокинон басо мусоид аст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур дар деҳоти Ворух боз як мавзеи истироҳату фароғат ташкил гардид.
Хотиррасон бояд шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо сабаби фарсуда шудан зарурат ба миён омад, ки бино пурра таҷдиду навсозӣ шавад. Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҷдид гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд Қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва рушди фарҳанг замина гузошт.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 18 адад созҳои мусиқӣ тақдим намуданд, ки он барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ замина мегузорад.
Дар толори ақди никоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз навхонадорон шаҳодатномаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва туҳфаҳои арзишманд супориданд.
Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҳунармандони ҷавон барномаи ҷолибу тамошобоб пешниҳод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ буд, баҳои баланд доданд.