Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли ҷароҳатбардоштагони даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақти рӯзи 30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт.
Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки бо супориши махсуси Президенти мамлакат барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад.
Барои табобати пурраи беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон бо хӯроки гарму дигар лавозимот таъмин карда шудаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд