Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли ғалла — ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
12 июн дар рӯзи дуюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ҷамъияти мазкур бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёд ва гурӯҳи коргоҳҳои истеҳсоли ғалладонагӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.
Корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Рабиев бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ, 14 октябри соли 2019 ин соҳибкор дар назди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ташкили ду корхонаи нави саноатӣ иқдоми худро баён дошта буд. Инак, бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ, бо истифода аз имконияту имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ ва ҷиҳати саҳмгузории бештар дар самти амалисозии саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи нави истеҳсолӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Коргоҳ дорои хатти муосири истеҳсоли орд буда, сохтмони он соли 2019 оғоз гардида буд. Барои бунёди иншоот 85 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи баланд ва бо риояи меъёрҳои меъморӣ бунёд карда шудааст.
Масоҳати умумии корхона, бо фарогирии як коргоҳи дигар ва иншооти ёрирасон 5 гектар буда, арзиши воқеии иншооти баистифодадодашуда бо назардошти таҷҳизоти насбшудаи сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд 53,3 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 18,7 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизот сарф гардидааст.
Дар коргоҳ идоракунии раванди истеҳсолот пурра ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд дар як шабонарӯз 600 тонна гандум мебошад. Воридоти гандум ва ғалладонагиҳо ба коргоҳ тариқи роҳи оҳани инфиродӣ ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи соҳибкор бунёд карда шудааст.
Дар як вақт дар анбори корхона то 30 ҳазор тонна гандум захира ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Воридоти гандум ва донагиҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия ба роҳ мешавад ва барои ин аллакай шартномҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Баробари ба истифода додани корхонаи коркарди ғалла-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мусоид ва маоши хуб таъмин карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъоли бахши хусусӣ дар шукуфоии бештари Ватан маънидод карда, дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва арзиши дастраси он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи дигари саноатӣ-коргоҳи истеҳсоли хӯроки чорво шинос шуда, барои идомаи сохтмони он санги асос гузоштанд.
Соҳибкори маҳаллӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста бобати равнақи бештари соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ баён кард.